Ҳайати ситоди вилоятии «Тобистон-2022» тасдиқ гардид

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022» ба имзо расид.

Тибқи ин қарор бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омода кардани иншооти истироҳатию солимгардонӣ ва ташкили истироҳати кӯдакону наврасон ҳайати ситоди вилоятии «Тобистон-2022» тасдиқ гардид.

Ҳамзамон раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки то 1 июн корҳои таъмиру сохтмон, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиновариро ба анҷом расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд