Хуҷанд. Волидон барои аёдати фарзандонашон ба қисмҳои ҳарбӣ фиристода шуданд

13 май як гуруҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва волидайни наваскарон бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода  бо мақсади аёдати сарбозон ба қисмҳои низомии ҷанубу шарқи кишвар сафарбар карда шуданд.

Ҳадаф аз роҳандозии сафар фароҳамсозии дидори волидайн бо фарзандони шуҷои хеш мебошад, ки алъон дар қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат адои хизмат намуда истодаанд.

Гуруҳи кориро намояндагони шуъбаи фарҳанг, аҳли санъат низ ҳамроҳӣ доранд, ки то ин ки бо фароҳамсозии фазои фарҳангӣ дар мулоқоту дидорбинии волидайн бо фарзандонашон саҳмгузорӣ намоянд.

Дар нақшаи гуруҳи корӣ аёдати сарбозон дар қисмҳои низомии шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Фархор, Кўлоб, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Хоруғ, Ишкошим ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд