Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятии ВНМО/СПИД, сил, вараҷа ва гепатитҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва табобати бемориҳои сил, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди ВНМО/СПИД-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фирӯз Комилов ва роҳбарони сохторҳои масъул иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа доир ба қарорҳои Раиси вилояти Суғд дар самти пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО/СПИД, сил, вараҷа ва гепатитҳо, барномаҳои қабулгардида ва рафти татбиқи онҳо дар вилоят маълумот пешниҳод карда шуд.
Директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/СПИД дар вилояти Суғд оид ба рафти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, татбиқи нақшаҳои пешбинишуда, корҳои анҷомдодашуда, захираи маводи пешгирикунанда, таъмини шахсони сироятёфта бо доруҳо, инчунин шумораи гирифторони ВНМО/СПИД, гепатит ва сил маълумот дод.
Намояндагони сохторҳои ҷумҳуриявӣ доир ба қарорҳо ва тадбирҳои дастгирии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ андешаронӣ намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти корҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани сатҳи корҳои фаҳмондадиҳӣ, таъмини саривақтии шахсони сироятёфта бо доруворӣ ва татбиқи босамари барномаҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




