Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба имзо расид

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» ба имзо расид.

Тибқи ин қарор нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 тасдиқ гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳо вазифадор шудаанд, ки барои иҷрои нақшаи мазкур чораандешӣ намоянд.

Ҳамзамон ҳайати Ситоди вилоятӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 тасдиқ карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд