Имрӯз дар арафаи таҷлили 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода биноҳои нав ва синфхонаи иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Яке аз онҳо бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 131 дар маҳаллаи Деваштичи деҳоти Халифа Ҳасан аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, сармоягузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар мӯҳлати кӯтоҳ аз ҷониби паймонкор- ширкати бинокории “Гулгун” бо сифати баланд сохта шудааст.
Бинои дуқабатаи таълимгоҳ иборат аз 10 синфхонаи барҳаво, низоми гармидиҳии мустақил, нуқтаи санитарӣ, толори ҷамъомад, синфхонаи махсуси технологияи иттиллотӣ, китобхона, 3 утоқи маъмурӣ иборат буда, дар ду баст 480 нафар хонандагонро ба таҳсил фаро мегирад.
Дар ин рӯз ҳамчунин дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22-и деҳаи Соҳибназари деҳоти Саразм бинои иловагии дорои 6 синфхона ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳаи Шӯрчаҳи деҳоти Халифа Ҳасан бинои иловагӣ бо 10 синфхона ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-и деҳаи Нови чомоқи деҳоти Косатарош 4 синфхонаи иловагӣ, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорону сокинон сохта шудаанд, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Зимни ифтитоҳи мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ ба хонандагон аз оилаҳои камбизоат либоси мактабӣ тақдим карда шуд.
Дар маҷмӯъ дар ин биноҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ беш аз 1500 нафар хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




