Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Спитамен

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии идона раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода, намояндаи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ва дигар намояндагони сохторҳои давлатӣ, фаъолон ва кормандони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.
Нахуст чорабинӣ бо сухани табрикотии раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода оғоз гардида, мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи миллӣ - 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, дар заминаи он барои таҳкими давлатдории миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободонии шаҳру ноҳияҳои кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Зикр карда шуд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва баланд гардидани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Дар ин раванд саҳми сокинони сарбаланди ноҳияи Спитамен низ назаррас буда, онҳо бо меҳнати созанда дар пешрафту ободии ноҳия ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон, намояндаи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода суханронӣ намуда, аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ ва зарурати ҳифзу таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро таъкид карданд.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ як қатор шахсони фаъолу хизматнишондода барои саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои гуногун, фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста дар назди давлату ҷомеа бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷумла, се нафар бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардида, як қатор фаъолон бо Ифтихорномаи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен қадрдонӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки чунин қадршиносӣ нишони арҷгузорӣ ба меҳнати софдилона ва фаъолияти самараноки шаҳрвандон буда, онҳоро ба корҳои созанда ва хизмат ба Ватан боз ҳам ҳидоят менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд