Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №27 бо иштироки сокинони маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, муҳоҷирати бехатар, зӯроварӣ дар оила, ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷинояткорӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ташаккули тарзи ҳаёти солим тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар тренинги мазкур намояндагони раёсатҳои кор бо занон ва оилаи вилоят, кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Фонди рушди ҷомеа» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти тренинг кор дар гурӯҳҳо ташкил карда шуда, иштирокчиён доир ба мавзӯҳои зикршуда фикру ақида ва пешниҳоду таклифи худро баён карда, баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом масъулони соҳа ба суолҳои иштирокчиён ҷавоб доданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд