4 майи соли 2022 дар толори Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинони ҷамоат доир шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, ҳадаф аз ин мулоқот вусъати корҳои тарғиботӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватанпарастии ҷавонону наврасон, пешгирӣ намудани ҳама гуна амалҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби ахлоқи ҳамида дар ҷомеа мебошад.
Бояд зикр кард, ки аз ҳисоби муовини раиси шаҳри Панҷакент, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуруҳҳои корӣ ташкил шуда, дар минтақаҳои гуногуни шаҳр мулоқотҳо баргузор шуда истодааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд