Баргузории нишасти матбуотии соҳаи тандурустии вилояти Суғд

10 августи соли 2026 нишасти матбуотии Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.

Дар нишаст натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2026 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фирӯз Комилов оид ба фаъолияти ташкилоту муассисаҳои тандурустии вилоят дар давраи ҳисоботӣ маълумот дода, таъкид намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва беҳтар намудани шароити муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Ба иттилои масъулин, айни замон дар соҳаи тандурустии вилоят 30 ҳазору 473 нафар корманд фаъолият дошта, аз ин шумора 5 ҳазору 499 нафар табиб ва 18 ҳазору 997 нафар корманди миёнаи тиб мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 532 адад таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ ба маблағи умумии 16,5 миллион сомонӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тандурустӣ дастрас карда шудааст. Таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани сифати ташхису табобат арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, дар доираи корҳои созандагӣ ва беҳсозии инфрасохтори соҳаи тандурустӣ барои соли 2026 таъмиру сохтмони 106 иншооти соҳа ба нақша гирифта шудааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 19 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар 15 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамчунин, дар 37 иншооти соҳаи тандурустӣ корҳои таъмиру навсозӣ ҷараён доранд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба вазъи хизматрасонии тиббӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизот, корҳои сохтмониву навсозӣ, омодасозии кадрҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳа ба масъулин саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд