Дар вилояти Суғд хатари зуҳуроти сел то охири ҳафта боқӣ мемонад

То охири ҳафта дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва наздикӯҳии вилояти Суғд эҳтимоли хатари баланди боридани борон, жола ва фаромадани сел боқӣ мемонад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар доданд.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шаҳрвандони мамлакат ва ширкатҳои сайёҳӣ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругашт дар кӯҳҳо даст кашанд.

Ҳамчунин Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки то ҳадди имкон дар чунин рӯзҳои борониву хатаровар аз сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба ҷамъоварии гиёҳҳои дорувору ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Кумита ҳамчунин ба аҳолӣ ёдовар мешавад, ки ҷӯйборҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок пок кунанд, то об маҷрои худро дигар карда, вориди ҳавлиҳо нашавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд