Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №73, оид ба татбиқи «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026–2030, дар Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур прокурори калони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода М.М., прокурори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъмурзода С.А., намояндаи Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе Саидов А. ва муовини якуми раиси шаҳри Конибодом Қудратуллозода С. иштирок намуданд.
Дар семинар роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба пешгирии экстремизм ва терроризм, таҳкими маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд буда, танҳо тавассути ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ ва оила метавон аз паҳншавии ин зуҳуроти хатарнок пешгирӣ намуд. Ҳамзамон иштирокчиён бо ҳадафҳо, самтҳои асосӣ ва тадбирҳои пешбинишудаи Стратегия ва Нақшаи чорабиниҳо шинос гардида, доир ба роҳҳои баланд бардоштани самаранокии корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷоми семинар ба иштирокчиён тавсияҳо ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ, истифодаи самараноки воситаҳои иттилоотӣ ва таҳкими ҳамкории сохторҳои дахлдор пешниҳод гардида, таъкид шуд, ки татбиқи босамари Стратегияи мазкур барои таҳкими сулҳу субот, амнияти миллӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




