Нақшаи амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040

Бо мақсади татбиқи амалии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи амалисозии он барои солҳои 2026-2030 бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машварати дастурдиҳии якрӯза ташкилу баргузор карда шуд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Ба машварати дастурдиҳӣ масъулони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳайати гурӯҳи машваратии ноҳиявӣ оид ба барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони гузаштаи экстремистидошта ва дигар масъулони вобаста ҷалб шуданд.
Намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода Муҳаммаднабӣ ва Маҳмуродзода Сиёвуш аз рӯи барнома ва мисолҳои воқеӣ оид ба тарзу усулҳои амалигардонии Стратегия ва ҳадафҳои асосии он маълумот пешниҳод намуда, дар рафти машварат ба саволҳои сершумори иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд