16 июли соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ тибқи дастури Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Ситоди мудофиаи ҳудудӣ ҷаласаи Ситоди мудофиаи ҳудудии №14 оид ба қабули қарор баргузор гардид.
Дар кори ситод муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Абдуллозода Саидасрор Саид, роҳбарияти ноҳия, намояндагони Вазорати мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, прокуратура, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар аъзои ситод иштирок намуданд.
Нахуст иштирокчиён бо бонги таълимии «Хатари ҷанг» ва вазъияти шартии ҳарбӣ ба ҳолати омодабош оварда шуда, мутобиқи нақша ба иҷрои вазифаҳои муайяншуда шурӯъ намуданд.
Секторҳои мудофиаи ҳудудӣ густариш ёфта, фаъолияти худро тибқи нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монданд. Дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои омодагии тиббӣ ва ташкили беморхонаҳои иловагӣ, таъминоти ақибгоҳ бо маводи ғизоӣ, либос, сӯзишворӣ ва дигар захираҳои зарурӣ, омодабошии қувваю воситаҳо, вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, риояи қонун, фаъолияти хадамоти комендантӣ, ҳолатҳои фавқулода ва дигар самтҳои муҳими мудофиаи ҳудудӣ гузоришҳои муфассал пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Абдуллозода Саидасрор Саид ба фаъолияти ситод баҳои мусбат дода, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодагӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо ва иҷрои босифати вазифаҳои мудофиаи ҳудудӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




