Раиси вилояти Суғд барои қадршиносии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ 477 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд

Бахшида ба 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ фаъолият доштанд, кӯмаки яквақтаи моддӣ расонида мешавад. Дар ин бора рӯзи 25 апрел қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Тибқи қарори мазкур ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 6000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дастрас карда хоҳад шуд.

Ҳамзамон ба шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” сарфароз гардидаанд, ба миқдори 3000 сомонӣ кӯмакпулӣ дода хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, барои қадршиносии 18 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ 108 ҳазор сомонӣ ва 123 нафаре, ки дар ақибгоҳ фаъолият доштаву соҳиби медалҳои зикршуда ҳастанд, 369 ҳазор сомонӣ, дар умум 477 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ёдовар бояд шуд, ки чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Ғалаба 8 май дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ, ки дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, доир мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд