Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи сол» баргузор гардид.
Озмун бо мақсади дарёфт ва интихоб намудани хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускору навовар, инчунин муайян ва дастгирӣ намудани хонандагоне, ки аз дастовардҳо ва навгониҳои илму техникаи муосир огоҳии васеъ доранд, роҳандозӣ шудааст.
Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди қобилияти фикрронӣ, тақвияти малакаҳои зеҳнӣ, ҳозирҷавобӣ ва ташаккули тафаккури эҷодии хонандагон буда, барои таҳкими ҳавасмандии хонандагони синфҳои 8, 9, 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, озмун ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгороне, ки дар омода намудани хонандагони болаёқат саҳми назаррас мегузоранд, мусоидат намуда, нақши онҳоро дар рушди истеъдодҳои наврасон тақвият мебахшад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




