Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои касбӣ, сайқал додани маҳорат ва густариши таҷрибаи пешқадами мураббиён, дар Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ» даври вилоятии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар озмун мураббиён аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, аз рӯйи шартҳои муайяншуда байни ҳам рақобат менамоянд.
Машғулиятҳои таълимӣ, санҷиши дониш ва маҳорати касбии мураббиён, таҳлили ҳолатҳои равонию педагогӣ, мизи мудаввар, тасвир ва сохтани манзара, инчунин муаррифии таҷрибаи корӣ аз ҷумлаи шартҳои асосии озмун ба шумор мераванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки беҳтарин мураббиён барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ муайян карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




