Оғози даври вилоятии озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2026"

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2026» бо иштироки омӯзгорони беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз гардид.

Озмун аз 12 то 16 майи соли 2026 идома ёфта, дар он намояндагони муассисаҳои таълимии тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок менамоянд.
Шартҳои асосии озмун баргузории дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи пешқадами корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), гузаронидани соати тарбиявӣ ва маҷлиси падару модарон, инчунин санҷиши дониши ҳуқуқӣ ва маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Дар ин раванд иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки малакаи касбӣ, таҷрибаи педагогӣ ва қобилияти эҷодкории худро дар сатҳи амалӣ нишон диҳанд.
Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, тарғиби таҷрибаи пешқадам, рушди маҳорати методӣ ва таҳкими нуфузи касбии омӯзгорон баргузор мегардад. Он барои муайян ва дастгирии омӯзгорони фаъолу навовар мусоидат намуда, дар рушди минбаъдаи низоми таълиму тарбия саҳми арзанда мегузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд