Неруи барқро сарфакорона истифода барем!

Дар шароити имрӯза рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум беш аз пеш ба таъминоти боэътимоди неруи барқ вобастагӣ дорад. Неруи барқ на танҳо манбаи равшанӣ, балки омили муҳими пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи он зарурати рӯз аст. 

Ба масъалаи истифодаи самараноки неруи барқ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати кории 25 апрели соли 2025 вазъи соҳаи энергетикаро таҳлил намуда, аз афзоиши талафоти неруи барқ ва ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он изҳори нигаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки чунин омилҳо ба рушди иқтисодиёт монеа эҷод намуда, зарурати андешидани чораҳои қатъиро ба миён меоранд.
Бо ин мақсад, ба қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳо ворид гардида, ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он пурзӯр карда шуд. Акнун барои чунин қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла истифодаи ғайриқонунӣ ва дуздии неруи барқ, ҷавобгарии ҷиноятӣ, то ба маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Ин иқдомҳо гувоҳи онанд, ки истифодаи дурусти неруи барқ танҳо масъалаи иқтисодӣ набуда, аҳамияти муҳими давлатӣ дорад.
Дар баробари тадбирҳои ҳуқуқӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ низ аҳамияти калидӣ доранд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ҳар як сокини кишвар масъулияти худро дар истифодаи захираҳои энергетикӣ амиқ дарк намояд. 
Дар шаҳри Бӯстон чунин корҳои иттилоотию маърифатӣ мунтазам роҳандозӣ гардида, аҳолӣ ба сарфакорӣ, истифодаи мақсадноки барқ ва пардохти саривақтии маблағи он ҳидоят мешаванд.
Фаромӯш набояд кард, ки истифодаи ғайриқонунӣ ва исрофкоронаи неруи барқ на танҳо ба иқтисодиёти кишвар зарар мерасонад, балки имконияти дигар шаҳрвандонро низ маҳдуд месозад. Аз ин рӯ, масъулияти ҳар як шахс дар ин самт бояд баланд бошад.
Ҳамзамон, дар самти беҳтар намудани инфрасохтори энергетикӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи замон корҳои назаррас амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар маҳаллаҳои шаҳр корҳои навсозии хатҳои барқ идома дошта, трансформатор ва таҷҳизоти мавҷуда бо технологияҳои муосир иваз карда мешаванд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳим — насби трансформатори нав дар зеристгоҳи «Юмгон»-и шаҳри Бӯстон мебошад, ки ба баланд бардоштани сифати таъминоти барқ ва коҳиши талафот мусоидат хоҳад кард.
Гузариш ба низоми муосири биллингӣ низ яке аз қадамҳои муҳим дар роҳи ислоҳоти соҳа ба шумор меравад. Ин низом шаффофияти ҳисобу китобро таъмин намуда, имкони назорат ва идоракунии самараноки истеъмоли неруи барқро фароҳам месозад. Навсозии таҷҳизоти энергетикӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир бошад, ба баланд бардоштани эътимоднокии таъминот замина мегузорад.
Дар маҷмӯъ, танҳо бо ҳамкории зичи давлат ва ҷомеа, эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ метавон ба истифодаи самараноки неруи барқ ноил гардид.

Самӣ Даврон, 
роҳбари шабакаҳои барқи шаҳри Бӯстон