Вокуниш ба маводи «Азия плюс»

Вокуниш ба маводи “Мушкили аскарӣ дар Суғд. Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон, мактуби Озода Раҳмон ва талошҳои вазорати маориф» ва «В Согде не могут выполнить план призыва. Власти намерены решить вопрос за счет студентов?», ки дар оҷонсии «Азия плюс» нашр шудааст

Тавре маълум аст, ҳамасола тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Зеро, тибқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста шудааст.

Имрӯзҳо ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд, дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд.

Дар шароити имрўза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шуда, волидони сарбозон мунтазам аз қисмҳои низомӣ боздид ва бо шароити буду боши сарбозон аз наздик шинос мегарданд.

Натиҷаи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар марҳилаи байнидаъватӣ аст, ки ҷавонону боору номус ва ватандӯст ихтиёрӣ ба хизмат рафта, дар ҳифзи марзу бум ва амнияту осоиши давлату миллат қаҳрамониву мардонагӣ нишон медиҳанд.

Ҷараёни даъвату сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамасола тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос гардида, нақши расонаҳои хабарӣ дар ташаккули афкори солим нисбат ба иҷрои қарзи шаҳрвандиву инсонӣ хеле назаррасу сутунданист.

Дар робита ба маводи интишоршуда дар оҷонсии «Азия плюс», ки рӯзи 25 апрел бо номи «Мушкили аскарӣ дар Суғд. Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон, мактуби Озода Раҳмон ва талошҳои вазорати маориф» ва рӯзи 27 апрел бо номи “В Согде не могут выполнить план призыва. Власти намерены решить вопрос за счет студентов?" маълум менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори марбутаи Раиси вилоят дар бораи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҳамасола нақшаи пешбинишударо пеш аз мўҳлати муқарраршуда иҷро менамояд.

Тибқи моддаи 32–и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» муҳлати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар як сол ду маротиба аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

То ба санаи 27 апрели соли 2022 иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ 50 фоиз таъмин гардида, барои дар муҳлати муайянгардидаи қонуни мазкур захира ва имкониятҳои кофӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, дар мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд теъдоди зиёди ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шуда, давоми моҳи май баъди хатм ва гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд. Яъне, бе шакку шубҳа нақшаи даъвати баҳорӣ дар ин давра таъмин хоҳад гашт. 

Барои ҷалби донишҷӯён - хатмкунандагони муассисаҳои олии вилоят ба хизмати ҳарбӣ ягон амали иҷборӣ сурат нагирифта, ёдрас намуданием, ки тибқи қонуни дар боло зикршуда фаъолият дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ танҳо пас аз адои хизмати ҳарбӣ амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, баъзе хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, оиди ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардидан дархост намудаанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти раъю хоҳиши хатмкунандагон иҷозат додааст, агар мехоҳанд хизмати Ватанро адо намоянд метавонанд имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатмро пеш аз муҳлат супоранд. Пеш аз муҳлат супоридани имтиҳонҳо ва сафарбар шудан ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳорӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон вақти худро зоеъ нагузаронанд. Дар ин ҷо ҳавасмандии худи хатмкунандагон эҳсос мегардад.

Алҳол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият дар ин самт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст ва нақшаи даъвати баҳорӣ тибқи муҳлати муайянгардида таъмин хоҳад гашт.