Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, экскурсияи ҷавонони синни даъватӣ ба қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, боздиди волидайн аз қисмҳои ҳарбӣ, баргузории чорабиниву мусобиқаҳои ҳарбӣ-ватанпарастии дорои хусусиятҳои тарбиявию маърифатӣ имкон дод, ки яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи босифати даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намояд.
Инчунин корбарии дастаҷамъонаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати ҷалби ихтиёриёни ҷавон ба курси кӯтоҳмуддати ронандатайёркунӣ дар ташкилоти ҷамъиятии "Мададгори мудофиа" низ ба иҷрои саривақтиву босифати нақшаи даъвати баҳорӣ мусоидат намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




