29 апрел ба муносибати фарорасии Иди Рамазон дар 22 муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб ва хонаҳои кӯдакони вилояти Суғд чорабиниҳои идона доир мегардад.
Чорабиниҳои идона дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳандозӣ мегардад.
Дар ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон барномаҳои идона ташкил гардида, наздик ду ҳазор бошандагони ин муассисаҳо, ки дар парастории доимии рохбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




