
Дар остонаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар вусъати тоза касб намуда, шаҳру деҳот симои наву замонавӣ ба худ мегиранд. Дар ин радиф, Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен низ бо ташаббусҳои созанда ва саҳми фаъолонаи сокинон ба яке аз минтақаҳои пешсаф табдил ёфтааст.
Тибқи иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Куруш Фаррух Ӯктамзода ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ дар ҳудуди ҷамоат бунёду навсозии 120 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шуда, ин нақша пурра иҷро гардид. Ин нишондиҳанда аз ҳамкории самараноки мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва аҳолии ҷамоат дарак дода, далели равшани татбиқи сиёсати созандаву бунёдкори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳал мебошад.
Дар доираи корҳои ободонӣ чандин нуқтаҳои хизматрасонӣ, марказҳои савдо, биноҳои маъмурӣ, инчунин хатҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ бунёд ва азнавсозӣ шудаанд. Амалӣ гардидани чунин лоиҳаҳо пеш аз ҳама ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, дар ҷамоат ба беҳсозии вазъи роҳҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Айни ҳол дар маҳалҳо корҳои ҳамворкунӣ ва шағалпӯш намудани роҳҳо идома дошта, бо фарорасии фасли баҳор мумфаршкунӣ оғоз меёбад. Ин тадбирҳо на танҳо ба осон гардидани рафтуомади сокинон, балки ба рушди робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва болоравии сатҳи хизматрасонӣ дар деҳот мусоидат мекунанд.
Ба таъкиди раиси ҷамоат ҳамаи ин дастовардҳо самараи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин нишондодҳои роҳбарияти вилоят ва ноҳия мебошанд. Сокинони ҷамоат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона ширкат меварзанд. Маҳз ҳамин рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ боис гардидааст, ки нақшаҳои пешбинишуда сари вақт ва бо сифати баланд амалӣ гарданд.
Бо вуҷуди иҷрои пурраи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ корҳои созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Куруш идома дорад. Тибқи нақша, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловатан боз 30 адад иншооти гуногун бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Иншооти мазкур бахшҳои маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва инфрасохторро фаро гирифта, барои таъмини зиндагии шоистаи сокинон равона карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки чунин ташаббусҳои созанда на танҳо симои зоҳирии деҳотро дигаргун месозанд, балки дар болоравии ҳисси масъулият ва иштироки фаъоли мардум дар корҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим доранд.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен дар самти бунёду навсозии иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ намунаи равшани татбиқи сиёсати созандагии давлат дар маҳал буда, саҳми арзандаи сокинон дар ободии Ватан шоистаи таҳсин аст. Масъулин ва сокинони ватандӯст талош мекунанд, бо дастовардҳои арзанда ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намоянд.




