Дар Панҷакент Маркази оши палов бунёд мешавад

Дар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза касб намуда, то имрӯз садҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, айни ҳол сохтмони беш аз 50 бинои баландошёна ва як қатор иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ идома дошта, симои шаҳр рӯз ба рӯз зеботар мегардад.

Дар ин замина, бунёди Маркази оши палов бо тарҳу меъмории миллӣ аз ҷумлаи лоиҳаҳои ҷолиби сайёҳӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Ин марказ бо назардошти анъанаҳои миллии таомпазӣ сохта шуда, пас аз анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ ба макони писандидаи истироҳату фароғат барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Панҷакент табдил хоҳад ёфт.

Татбиқи чунин лоиҳаҳо дар муаррифии фарҳанги миллӣ, ҷалби сайёҳон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим хоҳад бозид.