Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара 35-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор истиқбол мегирад

Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз ҷамоатҳои калон ва сернуфус ба шумор рафта, имрӯз дар он беш аз 45 ҳазор нафар сокинон умр ба сар мебаранд. Мардуми заҳматқарини ҷамоат бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, фазои орому осуда ва дастгириву таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат зиндагии шоиста дошта, баҳри рушду тараққии бештари диёри аҷдодӣ содиқона меҳнат мекунанд. 

Чоркӯҳ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба як ҷамоати рушдёбанда табдил ёфтааст, ки он самараи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати сокинони ватандӯсти ҷамоат мебошад.

Ба истиқболи ҷашни таърихии миллат – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ татбиқи 122 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. Тавре раиси ҷамоат, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии "Чоркӯҳ", рақами 10 Лайсиддин Юсуфзода иброз медорад, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, роҳбарияти ҷамоат бо сокинон ҳамкории зичро ба роҳ монда, иҷрои нақшаи корҳои созандагиро таҳти назорати доимӣ қарор додаанд. Дар натиҷа то имрӯз 90 фоизи иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст.

Дар чанд соли охир вусъат ёфтани корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар Чоркӯҳ ба симои ҷамоат ҳусни нав бахшидааст. Бо пуштибонии мақомоти давлатӣ ва саҳми соҳибкорон як зумра иншооти муҳиму иҷтимоӣ, аз ҷумла марказҳои савдою хизматрасонӣ, мактабҳо, майдончаҳои варзишӣ, кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ, пулҳо ва роҳҳо бунёд ва навсозӣ гардида, ба сокинон хизмат расонида истодаанд. Татбиқи лоиҳаҳо имконият медиҳад, ки шароити зиндагии сокинон боз ҳам беҳтар гардад ва сатҳи хизматрасонӣ боло равад.

Тибқи иттилои раиси ҷамоат, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии "Чоркӯҳ", рақами 10 Лайсиддин Юсуфзода, айни замон як қатор лоиҳаҳои муҳими дигар низ дар марҳалаи иҷро қарор доранд. Аз ҷумла, сохтмони дарвозаи рамзӣ дар даромадгоҳи ҷамоат, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 52 метр, коргоҳи истеҳсоли пойафзол, мумфарш ва чароғонкунии роҳу пиёдароҳаҳо идомаи мантиқии корҳои ободониву созандагист, ки симои Чоркӯҳро боз ҳам дилкаш ва замонавӣ мегардонад. 

Сокинони Чоркӯҳ аз қадимулайём ба меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ маъруфанд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар маъракаҳои сиёсиву ҷамъиятӣ гувоҳи масъулиятшиносист. Хусусан, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар рӯзҳои аввали маърака нишон дод, ки ҷавонони ҷамоат дар ҳифзи марзу буми кишвар, адои қарзи фарзандӣ ва таъмини амнияти Ватан ҳамеша омодаанд.

Иқтисодиёти ҷамоат бештар ба чорводорӣ ва кишоварзӣ асос ёфтааст. Хоҷагиҳои тухмипарварии Чоркӯҳ дар минтақа шуҳрат дошта, ҳамасола ба бозорҳои дохилӣ ва берунаи кишвар маҳсулоти босифат пешниҳод мекунанд. Заминҳои ҳосилхези ҷамоат, заҳмати кишоварзони пуртаҷриба ва истифодаи технологияҳои муосири аграрӣ имкон медиҳанд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол афзоиш ёбад.

-Имрӯз Чоркӯҳ дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолият ба як майдони бузурги бунёдкорӣ табдил ёфта, сокинони ватандӯсти он бо қалби пур аз меҳру муҳаббат ба Ватан ба сӯи фардои обод қадам мегузоранд, - иброз медорад Лайсиддин Юсуфзода.