
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои нав таҳиягардида, татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд силсилаи мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят оғоз гардид.
30 сентябр дар шаҳри Панҷакент мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Умед Ҳабибзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки бо мақсади идомаи фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазир бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи давлатӣ аз 1 уми июни соли 2021 “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025” ва Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи мазкур таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Таъмини иҷрои талаботи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025” дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби экстремистиву террористӣ, бахусус ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани пайравони он, таъмини амнияти давлат, тафтишу таҳқиқ ва пешбурди чорабиниҳои маҷмӯии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба зиммаи ҳамаи субъектони бо экстремизм ва терроризм муборизабаранда ва дар он иштироккунанда вогузор карда шудааст. Шаҳрвандонро низ зарур аст, ки барои мубориза бо зуҳуроти номатлуб фаъол бошанд.
Дар мулоқот инчунин доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ, истифодаи дурусту самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ фикру андешаҳо баён карда шуд.




