Вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон оғоз ёфт

Дар асоси ҷадвали вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон оғоз ёфт.

Дар доираи ин вохӯриҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Ҷавонон, 17» Марҳабо Маъруфзода дар Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳоров ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом бо интихобкунандагон мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад.

Гуфта шуд, ки пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ шароити мусоид фароҳам овардааст, то мардуми кишвар бо талошҳои созандагӣ Ватани худро боз ҳам зеботар гардонанд.

Дар шароити ҷаҳони муосир зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд барои ҳифзи ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад ва дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз қабили шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав, фаъолона ширкат намояд. Танҳо бо талоши дастаҷамъона метавонем манфиатҳои миллиро ҳифз ва барои рушди Тоҷикистони азиз хизмат намоем.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм татбиқ шуда, ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои амалӣ гардидани ҳадафҳои он фаъолона саъй доранд. Тадбирҳои андешидашуда имконият медиҳанд, ки амнияту субот ҳифз шуда, ҷомеа аз хатари ин зуҳуроти хатарзо эмин нигоҳ дошта шавад.

Дар мулоқот инчунин доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ, истифодаи дурусту самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ фикру андешаҳо баён карда шуд.