
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ашхоси имконияташон маъюб ва ба муносибати Рӯзи маъюбон дар шаҳри Истаравшан якчанд оилаи ниёзманд аёдат карда шуд.
Роҳбарияти шаҳри Истаравшан ба манзили истиқоматии Сайёра Баҳодурзода, Қурбонова Муяссара, оилаи Юлдошевҳо, оилаи Миразимовҳо рафта, ба маъюбон маводи ғизоӣ ва маблағҳои пулӣ супорид.
Аёдатшудагон низ дар навбати худ аз дастгириву ғамҳориҳои доимии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, барои тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва шукуфоии кишвар дуои нек намуданд.




