6 июни соли ҷорӣ дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати Иди саиди Қурбон бошандагони Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки "Фарзанди Ватан" - и шаҳри Истаравшан ба ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.
Аснои аёдати тарбиятгирандагони Муассисаи мазкур кӯдаконро ба муносибати Иди саиди Қурбон таъкид шуд, ки имрӯз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат баҳри зиндагии шоиста ва ба таври зарурӣ гирифтани таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Инчунин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазо паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати Иди саиди Қурбонро ба самъи тарбиятгирандагони муассиса расонида, ба кӯдакон хушбахтӣ, саломатии бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Дар муассисаи давлатии "Маркази дастгирии оила ва кӯдак" - и шаҳри Истаравшан кӯдакон дар гурӯҳҳои рӯзона ва будубоши доимӣ нигоҳубин ва табобат карда мешаванд. Дар гурӯҳи рӯзона хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди тандармонӣ, кордармонӣ, ташаккули малакаҳои рушди нутқи кӯдакон ва омодагӣ ба мактаб ба роҳ монда шуда, аз ҷониби давлату Ҳукумат баҳри ҳимояи ҳуқуқи онҳо ва беҳтар намудани кори таълиму тарбия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.
Зимни аёдат кӯдакон бо самимияти хоса ва хушнудӣ дар васфи Тоҷикистони азиз, Пешвои миллат, Ватан ва модар шеъру таронаҳо қироат намуда, барномаи рангини идона пешниҳод намуданд.
Ба тарбиятгирандагони муассисаи мазкур аз номи роҳбарияти вилоят ва шаҳр тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуда, баҳри болидахотирии онҳо дастурхони идона ороста шуд.