Барои афсарону сарбозон дастурхони идона ороста шуд

Бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати сарбозони қисмҳои низомӣ ва мусоидат дар беҳтар гардонии шароити буду боши онҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Ба муносибати Иди саиди Қурбон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳр ҳозир шуда, сарбозону афсаронро ба ин муносибат шодбош гуфта, ба аҳли хонавода саломативу саодати рӯзгор, сарбаландиву хушрӯзӣ ва дар ҳимояи марзу буми кишвар барору комёбӣ таманно намуданд.

Қайд карда шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ барои адои хизмати ҳарбӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони шуҷову далер бо сари баланд қарзи фарзандии худро адо менамоянд.

Таъкид гардид, ки бо хизмати содиқонаи фарзандони далеру шуҷоъ Ватани азизамон ободу зебо гардида, сокинони шарифу сарбаланди шаҳр мисли тамоми мардуми кишвари азизамон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва рушди кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳти роҳбарии дурандешонаву некбинонаи Пешвои муаззами миллат ба дастоварду комёбиҳои бештар мушарраф гардида истодаанд.

Дар ин рӯз дар тамоми қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳр дастархони идона ороста шуд.