1 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии "Наврӯзгоҳ" Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки зиёди кӯдакону наврасон ҷашн гирифта шуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода хурдсолонро табрик намуда, иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст.
Зимни ироаи паёми табрикӣ қайд гардид, ки "дар партави сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин намудани ӯ, фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо ҳамчун ояндаи давлату миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ғамхориҳои имрӯзаи давлату Ҳукумат нисбат ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ ва таваҷҷуҳ ба солимии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст".
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор ғолибони озмунҳо ва ба кӯдакону наврасон туҳфаҳо супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакон ҳамасола дар аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд ва он аввалин ҳуҷҷати байналмилалӣ буд, ки аз ҳуқуқҳои кӯдак дифоъ менамуд. Конвенсия дар заминаи принсипҳои бунёдӣ: таъмини манфиатҳои кӯдак, ҳуқуқ ба зистан, манъи табъиз, рушд ва ҳуқуқ ба шунида шудан асос ёфта, ба ин васила ҳуқуқҳои кӯдакон бояд таъмин карда шаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин Конвенсияро соли 1993 ба тасвиб расонд. Инчунин Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф намуда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрӣ – ҳуқуқии ҷумҳуриро бо муқаррароти онҳо ҳамоҳанг намуд.
Дар Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳифз карда мешавад.