Дар тарабхонаи "Яккасарой"-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо иштироки 25 оилаи намунавии вилоят ҳамоиши идона баргузор гардид.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила табрик гуфта, паёми табрикии роҳбари вилоятро ба самъи иштирокчиён расонид.
Таъкид гардид, ки "оила-сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон, рушди ҷомеа вобаста мебошад".
Сипас, барномаи рангини консертӣ пешниҳод шуд, ки боиси болидахотирии аҳли нишаст гардид.