Ҷаласаи корӣ оид ба таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2026–2030

14 майи соли 2025 бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2026–2030 баён гардидаанд, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки бо ҳадафи таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 апрели соли 2025, №98 Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2026–2030 таҳия мегардад. 

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоят ва аъзои гурӯҳи корӣ дастур дод, ки таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2026–2030 бояд бо назардошти имконияту захираҳои мавҷуда, дурнамои рушди соҳаҳои калидӣ ва дар асоси таҳлилҳои илмӣ ва маълумоти оморӣ анҷом дода шавад.

Аъзои гурӯҳи корӣ вазифадор гардиданд, ки дар муҳлатҳои муқарраргардида таҳлили амиқи вазъи мавҷударо анҷом дода, лоиҳаи барномаи мазкурро бо дарназардошти афзалиятҳои миллӣ, минтақавӣ ва талаботи замон таҳия намоянд.

Ҷаласа бо қабули қарорҳои мушаххас ҷиҳати тартиб додани нақшаи корӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа барои таҳияи босифати барнома анҷом ёфт.