11 марти соли 2025 дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён" - и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси созмони журналистони вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён оғоз ёфт ва сипас муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони воситаҳои ахбори оммаро бо иди касбиашон табрик намуд.
Зимни ироаи паёми табрикии Раиси вилоят таъкид гардид, ки матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар замони муосир нақши барҷаста дошта, ахбор ва иттилоотро босуръат дар саросари ҷаҳон мунташир мекунанд ва ҷомеаро аз рӯйдодҳои муҳиму зарурӣ огоҳ месозанд.
Саҳми воситаҳои ахбори омма дар инъикоси дастоварду пешравиҳо, таҳаввулоту дигаргуниҳо, таҳлили ҳодисаву воқеаҳо, дар маҷмуъ ташаккули афкори солими ҷомеа ва дар ин замина таҳкими сулҳу ваҳдат, инчунин ҳифзи манфиатҳои миллӣ назаррас аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти озодонаи расонаҳо тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, шаклҳои гуногуни воситаҳои ахбори омма - рӯзномаву маҷаллаҳо, радио ва телевизиону хабаргузориҳо фаъолияти пурсамар доранд. Расонаҳои нав ва платформаҳои интернетӣ низ дар ҳоли рушд буда, фановарӣ ва технологияҳои муосире, ки ба кори воситаҳои ахбори омма таъсири назаррас мегузоранд, васеъ истифода бурда мешаванд.
Тазаккур дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории хубу густурда дошта, аз хадамоти расонаҳои чопиву электронӣ дар таҳлилу баррасии мушкилоту муаммо ва роҳи ҳалли онҳо ба таври васеъ истифода менамояд. Зеро ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма имкон медиҳад, ки муаммоҳои иҷтимоӣ сари вақт ҳал карда шаванд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ барои фаъолияти пурсамар ва ба муносибати Рӯзи матбуот ба як қатор кормандони воситаҳои ахбори омма Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, созмони журналистони вилоят, унвонҳои Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.