Соли таҳсили 2023-2024 беш аз 5 ҳазору 500 хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва фосилавӣ иштирок намуда, 1206 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд. Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва фосилавӣ дар кишварҳои Россия, Қазоқистон, Британияи Кабир, Итолиё, Фаронса, Ҳоланд доир шуда, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят иштироки фаъолона доштанд.
Барои омода намудани хонандагон ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ нақши марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят амал мекунанд, муҳим арзёбӣ гардид.