Боздиди сафири Ҳиндустон аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи сафари кории хеш ба вилояти Суғд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф овард.

Зимни мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике ва директори донишкада Абдурашид Ҷалилзода ҷонибҳо омодагии худро баҳри густариши ҳамкорӣ баён доштанд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике аз истиқболи гарми устодону донишҷӯёни донишкада арзи сипос намуда, таъкид кард, ки кишвараш барои мубодилаи устодону донишҷӯёни ҳар ду кишвар барои таҳсил ва баланд бардоштани такмили ихтисос омода аст.

Баъдан мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике бо устодону донишҷӯён баргузор гардида, перомуни ҳамкориҳои мутақобилан судманд ибрози андеша карда шуд.