Корхонаи давлатии истифодабарии манзили соҳили чапи шаҳри Хуҷанд бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи зимистон боми як қатор биноҳои баландошёнаро таъмир намуда истодааст.
Дар тавозуни корхона 163 адад бинои баландошёна вуҷуд дошта, то имрӯз дар доираи омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ба масоҳати 730 метри мураббаъ боми биноҳои истиқоматӣ таъмир карда шудааст.
Ҳамзамон, барои таъмири намои берунии биноҳо, ойинабандии даромадгоҳҳо, тозаву озод нигоҳ доштани кӯчаву муҳити зист тадбирҳо андешида шуда, якҷо бо сокинон як қатор корҳо ба сомон расонида шуда, мутахассисони корхона ҳамарӯза бо аҳолӣ ҳамкорӣ менамоянд.