Мастчоҳ. Дар деҳоти Палдорак қасри ҷавонон ба истифода дода мешавад

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин бунёду азнавсозии иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ бо маром идома доранд.

Дар доираи ин тадбир дар деҳоти Палдорак бунёди қасри ҷавонон ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони он ба итмом расида, корҳои рангуборкунӣ дар арафаи анҷомёбист.

Иншот бо маблағгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, пудратчии он Муассисаи давлатии Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг мебошад. 

Масоҳаи умумии бино 610 метри мураббаъ буда, он аз ду ошёна иборат аст. Бинои қаср дорои ҳуҷраҳои барҳавои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои рубобнавозону доиранавозон, шашмақомсароӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ низ мебошад.

Бинои қаср дар умум аз 19 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он ҳамзамон барои 200 ҷойи нишаст толори намоиш ва баргузории чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ошёнаи 1-уми бино ҳуҷраи сарояндагон, нуқтаи нигоҳдороии либоси ҳунармандон ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудааст.

Тибқи лоиҳа бино моҳи марти соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.