Бунёди маркази тафреҳӣ барои кӯдакон дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент

Дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо иқдоми соҳибкори ҷавон Сиёвуш Боҷалолов маркази тафреҳӣ барои кӯдакон бунёд карда шуд.

Барои машғулият ва тафреҳи хурдсолон инҷо ба маблағи беш аз 400 ҳазор сомонӣ 12 адад асбобҳои гуногун гузошта шудааст.

Бино аз ду қабат иборат буда, дар ошёнаи дуюми он коргоҳи хурди дӯзандагӣ ташкил карда мешавад.

Зимнан, ин нахустин марказии тафреҳии кӯдакон дар деҳоти шаҳр маҳсуб мешавад.

Айни замон корҳои васлу насби таҷҳизот идома дошта, иншооти ҷашнӣ рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳад шуд.