Мастчоҳ. Дар деҳоти Оббурдон сохтмони кӯдакистон тариқи ҳашар идома дорад

Дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳоти Оббурдон сохтмони кӯдакистон барои 300 нафар ба тариқи ҳашар идома дорад.

Кӯдакистон бо дастгирии соҳибкорон, ашхоси саховатманд ва аҳолии маҳал сохта мешавад.

Иқдоми нек дар доираи корҳои ободониву созандагии ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии Дашти Дилварзин ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамарӯза дар кори сохтмони кӯдакистони мазкур беш аз 100 нафар сокинони маҳал иштирок менамоянд.

Тибқи лоиҳа бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, он барои 300 нафар тарбиягиранда ба нақша гирифта шудааст.