Боғи фарҳангиву фароғатии «Ғалаба” навсозӣ мешавад

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба”-и шаҳри Хуҷанд ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта мешавад. 

Боғи фарҳангию фароғатии "Ғалаба" дар микроноҳияи 18-уми маҳаллаи “Мевағул” ва дар канори дарёи Сир ҷойгир буда, беш аз 6 гектар масоҳат дорад.

9 ноябр лоиҳаи навсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба” –и шаҳри Хуҷанд муаррифӣ карда шуд.

Зимни муаррифии лоиҳа масъулин ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот доданд, ки масоҳати умумии иншоот 6 гектар буда, дар он бо усулҳои нави меъморӣ бо назардошти фаввораҳо, катҳои истироҳатӣ, чархофалаку атраксионҳои замонавӣ барои сокинон, алахусус кӯдакон бунёд ва васлу насб карда мешавад. Ҳамзамон сафолакпӯш кардани роҳравҳо, сабзазоркунӣ ва гулпӯшкунӣ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва чароғонкунии роҳравҳову гирду атрофи боғ ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст.

Боғ дар маҳаллаи серодами шаҳр ва илова бар ин дар канори дарёи Сир ҷойгир буда, бо навсозии он барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. 

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои анҷоми босифати тадбирҳои барқарорсозиву сохтмонӣ ва такмили лоиҳаи навсозии боғ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.