4 ноябр бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ таҳти унвони «Конститутсия-ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллат» баргузор гардид.
Дар конференсия аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони вилояти Суғд ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доштанд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Шарофиддин Шарифзода оғоз ёфт ва сипас муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуда, ҳозиринро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсия табрик гуфта, оид ба нақши Конститутсия дар давлатдории миллӣ ибрози андеша кард.
Дар конференсия ҳамзамон ёрдамчии калони прокурори вилоят Мириноят Пайрав Сайфиддинзода дар мавзуи «Конститутсия — роҳнамои асосии халқу давлат», муовини ректори ДДҲБСТ Шероз Муъминзода дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — поягузори рушди қонунгузории миллӣ», муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Самадзода Амрохон Ифтихор дар мавзуи «Ҳуқуқҳои конститутсионии оилавӣ ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими ҳуқуқии ақди никоҳ ва оила», декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳим Ҷабборзода дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият ва ҳадафҳои таърихии он» ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Гулистон Бахтиёр Охунӣ дар мавзуи «Нақши нотариати давлатӣ дар татбиқи меъёрҳои Конститутсия» маъруза намуданд.
Дар охир як қатор кормандони соҳаҳои гуногун ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Раёсати адлияи вилояти Суғд сарфароз гардонда шуданд.