Корхонаи воҳиди давлатии "Ангишт", Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини дастрасии сокинон бо маводи сӯхти нисбатан арзон ярмарка-фурӯши ангишт ташкил менамоянд.
Ярмарка-фурӯши ангишт аз 31 октябр то 2 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт ташкил гардида, сокинон метавонанд ангиштро харидорӣ ва барои зимистонгузаронӣ захира намоянд.
Дар ярмаркаи мазкур конҳои истеҳсоли ангишт бевосита ангиштро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.