Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки прокурори вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот фаъолон, имомхатибон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон, директори муассисаҳои таълимӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳал иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ, таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, танзими ҷашну маросим, қонуншиканӣ дар самти замин, пешгирии хурофотпарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ноҳия мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Прокурори вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб дар байни ҷомеа ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки дар ин замина тамоми кӯшишу талоши худро баҳри пешгирии ҷинояткорӣ ва қонунвайронкуниҳо сафарбар намоем.
Прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода бо таваҷҷуҳ ба таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва риояву иҷрои талаботи қонунҳо гуфт, ки баҳри пешгирии ҷинояткорӣ бояд шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон аз ҷониби прокурори вилоят ҷиҳати назорати қатъӣ ва доимии донишандӯзии хонандагон аз ҷониби омӯзгорону волидон, маҳдуд намудани тамошои ҳаргуна филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ, таъмини ҷавонон бо ҷойи доимии корӣ, ҷалби ҳарчи бештари фаъолони ҷомеъа ва ходимони дин барои кор бо аҳолӣ, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, мубориза бар зидди таълимоти ғайриқонунии динӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идомаи мулоқот дигар камбудиҳои соҳаҳо низ баррасӣ гардида, масъулин вазифадор карда шуданд, ки баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар маҳалҳо пайваста бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсии ҳар як шаҳрванд, ба хусус ҷавонон чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.