Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои иловагии мактаб ба истифода дода шуд

Дар Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва бо маблағгузории Сафорати Ҷопон бо харҷи 120 ҳазору 380 доллари ИМА бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 бунёд ва ба истифода дода шуд. 

Бино аз 5 синфхонаи иловагӣ бо маҷлисгоҳ барои 70 нафар иборат аст. Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии муассисаи мазкур барои 300 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, ҳамаи синфхонаҳо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо таҷҳизоту аёниятҳои дарсӣ, мизӣ курсиҳо, тахтаи синф ва дигар лавозимотҳои таълимӣ барои хонандагон пурра таъмин карда шуданд. 

Дар муассиса 64 нафар омӯзгор аз рӯйи ихтисосҳои мухталиф фаъолият бурда, толибилмонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия мекунанд. 

Дар маросими кушодашавии бинои иловагӣ роҳбарияти ноҳия, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Суғд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики иштирок намуданд.