150 нафар ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Спитамен ҷиҳати адои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Ба ин муносибат дар майдони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҷамъомад доир шуд.
Ҷамъомади мазкур бо роҳпаймоии ҷавонону наврасон оғоз ёфт ва сипас роҳбарияти ноҳия аз нақши ҷавонон дар таҳкими амнияти миллӣ ва мавқеи онҳо ҷиҳати ҳифзи марзи буми Ватан ёдоварӣ кард. Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият ва қарзи шаҳрвандии ҷавонон буда, ҳимояи сарҳади мамлакат вазифаи ҷонии ҳар ҷавонмард мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин ва Ҷамоати деҳоти Сарбанд дар ноҳия аввалин шуда нақшаи даъватро иҷро намуданд.
Дар охир барои даъватшавандагон барномаи фарҳангӣ пешниҳод ва дастархони идона ороста шуд.