1 октябри соли ҷорӣ бо иштироки аъзои Раёсати Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ таҳти роҳбарии Президенти созмони мазкур Саад ал-Қаддумӣ дар шаҳри Истаравшан нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ - “Озар” баргузор гардид.
Дар нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 250 нафар ҳунарманд аз 19 давлат, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Штатҳои мутаҳидаи Америка, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Болгария, Шветсария, Сингапур, Тайланд, Малайзия, Австралия, Ҷумҳурии мардумии Хитой, Зеландияи нав, Кувейт ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Иштирокдорон нахуст бо арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузоштанд.
Сипас, ҳайати меҳмонон аз намоиши таъомҳои миллӣ дидан намуданд.
Дар идома ба ҳайати меҳмонон ҷараёни омодасозии маҳсулоти оҳанӣ, аз ҷумла корду шамшер, ханҷару дигар маснуоти кишоварзӣ муаррифӣ карда шуд.
Аъзои Раёсати Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, корпусҳои дипломатӣ, аҳли зиё ва собиқадорону ҳунармандони номии кишвар бо намоиши байналмилалии ҳунармандон шинос шуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.
Боиси таъкид аст, ки Истаравшан дар таърих бо ҳунармандонаш маъруф гардида, имрўз низ дар ин бостоншаҳр сокинони сарбаландаш ҳунари бобоиро давом дода, айни ҳол бо бештар аз 134 намуди ҳунари мардумӣ шуғл доранд ва сарфароз аз он ҳастанд, ки падару бобо ва бобокалонашон ба мерос гузоштаанд.
Баъзе намуди ҳунар, ки қариб дар тамоми ҷаҳон фано шудааст, ҳанўз ҳам дар ин шаҳри бостонӣ ҳифз ва идома доранд. Яке аз чунин ҳунарҳо оҳангарӣ буда, бо корду ханҷар ва шамшерсозӣ номи Истаравшанро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кардааст.
Ҳунару ҳунармандии ин шаҳр аз солҳои пеш аз милод оғоз мегардад. Мисоли воқеию таърихии он зиндагиномаи Озари силоҳсози Истаравшании ҳунарманди асил аст, ки дар уқубатҳову зулму золимии аҷнабиён дар ғуломиҳо рўҳафтода нагардида барои ҳаёту мамот сахт мубориза бурдааст.