Ноҳияи Шаҳристон дар нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуд

Имрӯз дар ноҳияи Шаҳристон маросими гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. 

Дар ҳамоиши идона роҳбарияти ноҳияи Шаҳристон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхона ва ташкилотҳо, даъватшавандагон ва падару модарони онҳо иштирок намуданд.

Қайд карда шуд, ки хизмат намудан ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Бо дарки ин нукта ҷавонони шуҷои ноҳия барои адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шуданд ва нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ иҷро гардид. 

Ҷавонони ноҳия бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар баробари саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони азизамон, содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, барои ҳифзи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Тибқи анъанаҳои ниёгонамон маросими нонгазон доир шуда, дар охир ба фаъолон, волидайни наваскарон ва сарбозони дар хизмати ҳарбибуда Ифтихорнома ва тӯҳфаҳо супорида шуд.