Субҳи имрӯз дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Дар ҳамоиши идона қайд карда шуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.
Таъкид гардид, ки дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ дар шаҳр 52 нафар даъватшаванда омодаи сафарбарӣ мебошанд, ки ин 80%-и нақшаи муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Сирдарё ва Навгарзан нақшаи даъватро пурра иҷро намудаанд.
Баъдан чун анъана маросими нонгазон баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқонаро таманно намуданд.
Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён намуданд.