1-уми октябри соли 2024 гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии ноҳияи Айнӣ, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди деҳот, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.
Ба ин муносибат дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавонони адои хизмати Модар-Ватанро ихтиёрнамуда ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар ҳамоиши идона таъкид гардид, ки тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад.
Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад.
Дар охир чун анъана маросими нонгазон сурат гирифта, барномаи фарҳангии хубу хотирмон пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.