Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара,ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди шаҳр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.
Дар чорабинии ба ин муносибат доиргардида таъкид гардид, ки нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ башорат медиҳад. Зеро, дар нахустин рӯзҳои маъракаи даъвати баҳорона ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ Навгилем, Лакон ва шаҳраки Шуроб аз иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи даъватӣ бо сарбаландӣ паём расониданд.
Қайд карда шуд, ки аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд, бузургмардоне чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигаронро, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандорӣ мебошанд. Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр анҷомбахши ин ҷамъомади бошукуҳ буд.